Рӯнамоӣ аз мӯшакҳои ҳидоятшаванда ва дурбиндори Ҳизбуллоҳи Лубнон
(last modified Sat, 27 Jan 2024 13:03:14 GMT )
Январ 27, 2024 18:03 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз мӯшакҳои ҳидоятшаванда ва дурбиндори Ҳизбуллоҳи Лубнон

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷадидтарин амалиёти худ алайҳи системаҳои ҷосӯсии режими саҳюнистӣ аз тавони мушакии ҷадид рӯнамоӣ кард.

Расонаҳои вобаста ба неруҳои муқовимати Лубнон бо интишори видеое гузориш доданд, ки ин неруҳо аз мӯшакҳои ҷадиде пардабардорӣ кардаанд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи гузашта (ҷумъа) бо истифода аз ин мӯшакҳо системаҳои ҷосӯсии пешрафтаи режими саҳюнистиро дар минтақаи Ҷал Ал Аълом ҳадаф қарор дод.

Мӯшаки ҳидоятшавандаи мазкӯр дорои дурбинҳои коргузошта шудааст, ки метавонад дар ҳини анҷоми амалиёту исобат ба ҳадафи мавриди назар тасовири ин амалиётро ба сабт ва забт карда ва барои неруҳои муқовимат ирсол кунад.

Ин масъала дар ҷанги равонӣ ва расонаӣ, ки душмани саҳюнистӣ алайҳи неруҳои муқовимати Лубнон ба роҳ андохта бисёр муҳимаст, чаро ки саҳюнистҳо баъд аз ҳар амалиёти неруҳои муқовимати Лубнон муддаӣ мешаванд, ки ин амалиёт дар минтақаҳои холӣ ва аз қабл тахриб шуда сӯрат гирифтааст.

Ҳамчунин бо сабту забти ин тасовир теъдоди талафоти душмани саҳюнистӣ комилан ошкор ва боиси мешавад, иддаоҳои онҳо рад шавад.

Дар ҳамин ҳол, неруҳои муқовимати Лубнон эълом кардаанд, ки метавонанд бо ин мӯшакҳо ба диққат аҳдофи мавриди назарро ҳадаф қарор дода ва ҳатто душманро пушти мавозеъ ва хутути даргирӣ расад кунанд.

Лозим ба зикр аст, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон токунӯн танҳо 5 то 10 дарсад аз тавоноиҳои худро нишон дода ва ғофилгириҳои бештаре барои душмани саҳюнистӣ дорад.

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судӯри баёнияе низ эълом кард, размандагонаш чандин амалиётро алайҳи мавозеъ ва маҳали истиқрори артиши душмани Исроил дар марзи Лубнону Фаластини ишғолӣ анҷом доданд.