Эъломи ҳамбастагии беш аз 3 ҳазор хабарнигори эронӣ бо хабарнигорони фаластинӣ
3 574 нафар аз хабарнигорони эронӣ бо имзои баёнияе бо хабарнигорони фаластинӣ эъломи ҳамбастагӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабарнигорони эронӣ бо имзои баёнияе зимни эълом ҳамбастагӣ бо хабарнигорони фаластинӣ, эълом карданд: Хабарнигорон дар расонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳеҷ талоше дар ҳимоят аз миллати мазлум ва муқтадири Фаластин фурӯгузор нахоҳанд кард.
Хабарнигорони эронӣ дар идомаи ин баёния зимни қадрдонӣ аз муқовимати хабарнигорони фаластинӣ таъкид карданд, ҷаҳон дар канори ормони муқовимат ва миллати Фаластин тамомқад истода ва ин шояд ширинтарин ҳақиқати ин рӯзҳои талх аст, ки режими саҳюнистӣ барои фирор аз шикаст, ҳар лаҳза бар доманаи ҷиноёт ва куштори худ дар Ғазза меафзояд.
Фаъолони расонаӣ ва хабарнигорони Эрон ҳамчунин хитоб ба хабарнигорони фаластинӣ эълом карданд: Силоҳи Шумо дар мубориза бо зулм, иттилоърасонӣ аст ва чӣ ғаюрона ва ҳушмандона аз ин силоҳ алайҳи душмани кӯдаккуши саҳюнистӣ баҳра бурдед ва ҳақоиқи ҷанг ва ҷиноёти режими наслкуши саҳюнистӣ ва ҳамосаҳои эсору имони мардуми рашид ва муқовими Ғаззаро аз лобалои оташу хун, гузориш мекунед.
Дар ин баёния омадааст: Бояд иқрор кард яке аз шохисаҳои пирӯзии ҷабҳаи муқовимат дар амалиёти Тӯфонулақсо, ҳузури густурда ва фаъолияти беназири фаъолони расонаҳои Фаластин буд ва ин масъала ба хубӣ аҳамияти ҷиҳоди табйин ва ҷанги ривоятҳо ва низ аҳамияти иттилоърасонии дақиқ ва сареъро таъйид мекунад.
Фаъолони расонаии Эрон дар идома бо гиромидошти шаҳодати ҳудуди 120 хабарнигор ва фаъоли расонаии Фаластин дар чаҳор моҳи гузашта, таъкид карданд, бетардид хуни поки ин шаҳидон, охирин ривояти ҳақиқӣ аз ҷанги ноҷвонмардона буда ва хабарнигорон ва асҳоби расона дар Эрон ҳам бо маҳкум кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ, таъкид доранд, ки хуршеди ҳақиқат дар пушти пардаи ҷаҳолатфурӯшии расонаҳои саҳюнистӣ ҳаргиз нахоҳад монд.