Идомаи ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза
Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Фаластин аз рабуда шудани 20 тан аз коркунони пизишкӣ ва идорӣ ва ҳамчунин беморони бемористони Аламал дар Хон Юнус хабар дод.
Ба гузориши телевизиони ПрессТВ, ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Фаластин рӯзи ҷумъа эълом кард, низомиёни саҳюнист 20 тан аз коркунони пизишкӣ ва идорӣ ва ҳамчунин беморони бемористони Аламалро дар Хон Юнус рабуданд.
Режими саҳюнистӣ муддаӣ аст, рабудашудагон аз аъзои гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ҳастанд.
Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Фаластин дар вокуниш ба чунин иддаое эълом кард, иддаоҳои ин режим нодуруст аст ва ҳадафи он асоснок кардани ҳамлаҳои артиши режими саҳюнистӣ ба бемористонҳо ва марказҳои пизишкӣ дар Ғазза аст.
Исроил борҳо бемористонҳои Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва ҷомеаи байналмилал бо маҳкум кардани ин ҳамалот онро поймолкунандаи қонунҳои байналмилалӣ унвон кардааст.
Номусоидии авзоъи инсонӣ дар борикаи Ғазза дар ҳоле аст, ки режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз вуруди лавозими пизишкӣ ва дору ба дохили ин минтақаи муҳосирашуда ҷилавгирӣ мекунад.