Феврал 17, 2024 18:18 Asia/Dushanbe
  • Шумори шуҳадои хабарнигор дар Борикаи Ғазза ба 130 нафар расид+видео

Бо шаҳодати чаҳор хабарнигори дигар дар бомбаборони ҷангандаҳои режими наслкуши Исроил ба Борикаи Ғазза, теъдоди шуҳадои хабарнигор ба яксаду 30 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши ИРНА, афзоиши шумори шуҳадои хабарнигор дар ҳамлаи артиши режими ишғолгари Исроил ба Борикаи Ғазза дар ҳоле аст, ки тибқи гузориши бунёди Анҷумани Озодӣ (Freedom Forum), дар тӯли ҳудӯди шаш соли Ҷанги ҷаҳонии дувум (1945 - 1939), ки хунинтарин ҷанги даврони модерн шинохта мешавад, фақат 69 рӯзноманигор ҷон бохтанд.

Бар асоси гузориши ин анҷуман, дар тӯли 20 соли ҷанги Ветнаму Амрико ҳам 63 рӯзноманигор кушта шуданд.

Ҳадаф қарор додани рӯзноманигорону ғайринизомиён, тибқи қавонини байналмилалии башардӯстона, ҷинояти ҷангӣ талаққӣ мешавад ва хабарнигорон мебоист иҷоза дошта бошанд, бо озодии амал ва бидӯни музоҳимат ба ҳирфаи худ бипардозанду иттилоърасонӣ кунанд.

Хабари дигар инки расонаҳои фаластинӣ рӯзи шанбе аз шаҳодати беш аз 10 шаҳрванди фаластинӣ дар Ғазза бар асари бомбаборонҳои режими саҳюнистӣ хабар доданд.

Ҳамчунин манотиқи мухталифи Борикаи Ғазза дар соатҳои гузашта шоҳиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ буд.

 

 

Барчасп