Тазоҳуроти густарда дар Тел-Авив барои озодии асирони саҳюнистӣ+видео
(last modified Sun, 18 Feb 2024 05:08:27 GMT )
Феврал 18, 2024 10:08 Asia/Dushanbe

Ҳазорон нафар шанбешаб дар Тел-Авив бо баргузарии тазоҳурот хостори озодии асирони саҳюнистӣ дар Ғазза шуданд.

Ба гузориши ИРНА, ҳазорон нафар дар тазоҳуроти дар хиёбони Кобулон дар Тел-Авив хостори имзои тавофуқи фаврӣ барои озодии асирони саҳюнистӣ дар Ғазза ва баргузарии интихобот шуданд.

Муътаризон ҳамчунин шиорҳои зидди кабинаи саҳюнистӣ ва Бинямин Натаняҳу нахусти вазири ин режим сар доданд.

Ин дар ҳоле аст ки манобеи хабарии режими саҳюнистӣ чаҳоршанбешаби гузашта низ аз идомаи таҷаммуъи хониводаҳои асирони саҳюнистӣ дар маҳали истиқомати Бинямин Натаняҳу нахуствазири ин режим дар Тел-Авив хабар дода буданд.

Муътаризон дар минтақаи "Курё" дар Тел-Авив тазоҳурот карда ва хоҳони озодии асирони режим саҳюнистӣ шуданд.

Онҳо плакатҳое дар маҳкумияти анҷомнашудани табодули асирон миёни режими саҳюнистӣ ва Ҳамос бо худ ҳамл мекарданд.

Ин тазоҳуротҳо ба дунболи он сурат мегирад ки манобеи расмии Тел-Авив гуфтанд ки музокирот барои озодии асирони саҳюнистӣ токунун роҳ ба ҷоӣ набурдааст.