Феврал 18, 2024 18:08 Asia/Dushanbe
  • Лозорини ба иттиҳомоти режими саҳюнистӣ алайҳи UNRWA вокуниш кард
    Лозорини ба иттиҳомоти режими саҳюнистӣ алайҳи UNRWA вокуниш кард

Сухангӯи бемористони Шуҳадои Алақсо дар борикаи Ғазза гуфт, дар шабонарӯзи гузашта беш аз 50 шаҳид ва 150 захмӣ ба ин бемористон мунтақил шудаанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии «Алмаёдин», сухангӯи бемористони Шуҳадои Алақсо дар борикаи Ғазза рӯзи якшанбе афзуд, эҳтимоли афзоиши шумори шуҳадову захмиҳо дар пайи ҳамалоти низомиёни режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза бо идомаи амалиёти ҷустуҷӯ дар зери оворҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, Филипп Лозорини, раиси Ожонси имдодрасониву корёбии Созмони Милали Муттаҳид (UNRWA) барои оворагони фаластинӣ гуфт, режими саҳюнистӣ як корзори ҳамоҳанг барои аз байни бурдани ин созмон роҳ андохтаву ҳазфи ин ожонс ҳадафи сиёсии баландмуддати режими наслкуши Исроил аст.

Лозорини гуфт, режими ишғолгари Исроил бар ин бовар аст, ки агар фаъолиятҳои ожонс мутаваққиф шавад, вазъияти оворагони фаластинӣ ва ҳаққи бозгашти онҳо як бор барои ҳамеша барои ин режим ҳал хоҳад шуд.

Ожонси имдодрасониву корёбии Созмони Милали Муттаҳид

 

Раиси Ожонси имдодрасонӣ ва корёбии СММ афзуд, ба дастури Кнессет (порлумон)-и режими Исроил, аз тахлияи маҳмулаҳои маводи ғизоии ин ожонс дар бандари «Асдуд» ҷилавгирӣ шуда ва беш аз 150 маврид аз таъсисоти вобаста ба ин созмон аз оғози ҳамалоти зидди мардуми Ғазза тахриб шудааст.

Дар пайи иттиҳомоти режими саҳюнистӣ ба UNRWA дар бораи мушорикати 12 корманди ин ожонс дар амалиёти «Тӯфони Алақсо», раиси ин ожонс ба тозагӣ гузорише ба кишварҳои узви СММ дар Женева ироа карду ироаи асноди мактуб дар бораи ин иттиҳомотро хостор шуд.

UNRWA ҳаштуми декабри соли 1949 бар асоси қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва бо ҳадафи имдодрасониву корёбӣ барои оворагони фаластинӣ таъсис шуд.

UNRWA акнун ба ҳудуди панҷ миллион фаластинӣ дар Урдун, Сурия, Лубнон ва арозии ишғолӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва низ борикаи Ғазза кумакрасонӣ мекунад.

 

Барчасп