Феврал 23, 2024 21:06 Asia/Dushanbe
  • Натанёҳу тарҳе дар бораи сиёсати кабинаи вай барои рӯзи «пасоҷанг» дар Ғаззаро ироа кард
    Натанёҳу тарҳе дар бораи сиёсати кабинаи вай барои рӯзи «пасоҷанг» дар Ғаззаро ироа кард

Манобеи хабарӣ аз ҷузъиёти тарҳи мутаваҳҳимонаи нахуствазири режими саҳюнистӣ барои Ғаззаи пас аз ҷанг парда бардоштанд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, манобеи расонаӣ имрӯз - ҷумъа эълом карданд, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ санаду тарҳе дар бораи сиёсати кабинаи вай барои рӯзи «пасоҷанг» дар борикаи Ғаззаро ба кабинаи амниятӣ ироа кардааст.

Тибқи ин гузориш, санади Натанёҳу шомили банди баста шудани Ожонси имдодрасонии СММ барои оворагони фаластинӣ (UNRWA) ва ҷойгузинии он бо соири ожонсҳои имдодии байналмилалӣ аст.

Ин тарҳ ҳамчунин шомили эҷоди як минтақаи амниятӣ дар борикаи Ғазза дар муҷовирати шаҳракҳои саҳюнистнишин аст ва тасреҳ мекунад, ки режими Исроил баста шудани марзи ҷануби Ғазза бо Мисрро ҳифз хоҳад кард.

Дар ҳамин росто, пойгоҳи хабарии «Оксиус» -и Амрико гузориш дод: Бар асоси тарҳе ки Натанёҳу панҷшанбе ба кабинаи амниятӣ ироа кард, Исроил то замоне, ки борикаи Ғазза халъи силоҳ нашавад, иҷозаи бозсозии онро нахоҳад дод.

«Оксиус» афзуд: Тарҳҳои бозсозии Ғазза бар асоси тарҳи Натанёҳу бо буҷету раҳбарии кишварҳои мавриди қабули режими саҳюнистӣ иҷро хоҳад шуд.

 

Барчасп