Феврал 28, 2024 20:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ
    Ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ

Дар пайи бомбаборони хонае дар Рафаҳ, ҷануби навори Ғазза, ду кӯдаки фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории “Меҳр”, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ хонаеро дар минтақаи Алҳадба бомбаборон карданд, ки бар асари он ду кӯдак ба шаҳодат расиданд.

Бар асоси ин гузориш, дар пайи ин ҳамла шуморе аз фаластиниён ҳам захмӣ шуданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ шаби гузашта (сешанбе) низ дар юриш ба Карона бохтарии рӯди Урдун як ҷавони фаластиниро ба зарби гулӯла ба шаҳодат расонданд.

 

 

Барчасп