Хунсо шудани нақшаи Амрико дар ғарби Ироқ тавассути неруҳои Ҳашдушшаъби
(last modified Wed, 28 Feb 2024 15:59:38 GMT )
Феврал 28, 2024 20:59 Asia/Dushanbe
  • Неруҳои Ҳашдушшаъбии Ироқ
    Неруҳои Ҳашдушшаъбии Ироқ

Узви Комиссияи амнияту дифои порлумони Ироқ аз хунсо шудани нақшаи Амрико дар ғарби Ироқ тавассути неруҳои Ҳашдушшаъби хабар дод.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории “Меҳр”, Ваъд Алқаду, узви Комиссияи амнияту дифои порлумони Ироқ гуфт: Неруҳои Ҳашдушшаъби дар наздикии марзҳои муштарак бо Сурия мустақар шуда ва бо пайгирии як роҳбурди муҳофизатӣ раванди нуфӯзи аносири террористро ба Ироқ ба мизони 95 дарсад коҳиш доданд.

Вай афзуд, амрикоиҳо ба дунболи он буданд, ки минтақаҳои марзиро дар ғарби Ироқ ба майдони даргирӣ ва маҳалле барои нуфӯзи аносири террорист табдил кунанд, аммо бо фидокориҳои густардаи неруҳои Ҳашдушшаъби ноком монданд.

Вай гуфт, ки истиқрори ин неруҳо дар минтақаҳои ғарбии Ироқ роҳбурдӣ ва ҳаётӣ аст ва аз ин рӯ ҳадафи ҳамлаҳои Амрико қарор мегиранд.

Гуфтанӣ аст, неруҳои Ҳашдушшаъбӣ ҳамвора ба маъмурияти муҳаввала дар хусуси мубориза бо аносири боқимонда аз гурӯҳаки террористии ДИИШ дар бахшҳои мухталифи Ироқ идома медиҳанд ва борҳои махфигоҳҳои ин аносирро кашф ва мунҳадим кардаанд.