Шиллики 100 мушак ба самти шаҳракҳои саҳюнистнишин + видео
Ҳизбуллоҳи Лубнон 100 мушак ба самти шаҳракҳои низомӣ ва саҳюнистнишин шиллик кард.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ин шадидтарин ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ аз соли 2006 буд, Ҳизбуллоҳ бо беш аз 100 мушаки Катюша ва ҳидоятшаванда се шаҳракро дар шимол ҳадаф қарор дод.
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар 12 баёния аз ҳадаф қарор додани се шаҳраки низомӣ ва саҳюнистнишин (як шаҳрак ду мартаба) ду дастгоҳ танки Меркава, 4 таҷаммуъ, як мақари фармондеҳӣ ва як пойгоҳи низомиёни саҳюнист хабар дод.
Ҳизбуллоҳ бо даҳҳо мушакҳои Катюша ва ҳидоятшаванда ду мартаба шаҳраки низомӣ ва саҳюнистнишини Кариот Шимуна ва шаҳракҳои Кафарблум ва Авивимро як бор дар посух ба ҳамалоти низомиёни саҳюнист ба манотиқи маскунӣ дар ҷануби Лубнон ҳадаф қарор дод. Расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ин шадидтарин ҳамлаи мушакӣ аз соли 2006 ва ҷанги сивусерӯза буд ва беш аз 100 мушак ба самти ин шаҳракҳо аз ҷануб шиллик шуд.