Январ 05, 2017 17:45 Asia/Dushanbe
  • Таслим шудани беш аз 4000 фарди мусаллаҳ ба Ҳукумати Сурия

Дар соли 2016 4746 нафари мусаллаҳ дар чорчӯби тарҳи оштӣ ба Ҳукумати Сурия таслим шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати адлияи Сурия дар баёнияе эълом кардааст, ин афрод пас аз баррасии парванда ва оддисозии вазъияти худ, бар асоси бахшномаи шумораи 15-и афви раёсатҷумҳурӣ, ба зиндагии мулкӣ баргаштаанд. Бар асоси бахшномаи шумораи 15-и афви раёсатҷумҳурии Сурия, тамоми касоне, ки ба даст силоҳ гирифтаанд ва ё аз дасти адолат гурехтаанд, дар сурате ки худ ва силоҳашонро таслим кунанд, бахшида мешаванд. Дар баёнияи Вазорати додгустарии Сурия омадааст, ҳама афроде, ки таслим шуданд, ваъда додаанд, дар ҳеҷ иқдоме, ки амнияту суботи ин кишварро таҳдид кунад, ширкат намекунанд.

Соли 2016 Сурия шоҳиди барқарории оштӣ дар бисёре аз нуқоти ин кишвар, бавижа шаҳраку рустоҳои атрофи пойтахт бо ҳадафи холӣ шудани ин манотиқ аз силоҳу афроди мусаллаҳ буд. Ҳукумати Сурия ҳамвора ба пайгирии раванди оштӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳамзамон бо муборизаи низомӣ бо терроризм таъкид кардааст.

 

Барчасп