Тадовуми ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза
Манобеи фаластинӣ аз идомаи юриши низомиёни режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ ва Борикаи Ғазза хабар доданд.
Манобеи фаластинӣ бомдоди имрӯз (шанбе) эълом карданд, дар пайи даргирии мусаллаҳона миёни ҷавонони фаластинӣ ва ишғолгарони саҳюнист дар ғарби Ҷанин дар Каронаи Бохтарӣ, як навҷавони 13 солаи фаластинӣ ба шаҳодат расид ва се ҷавони фаластинӣ низ захмӣ шуданд.
Пас аз ҳамлаи саҳюнистҳо ба минтақа Қаботия муборизони фаластинӣ бо ишғолгарони вориди даргирии мусаллаҳона шуданд ва бо мунфаҷир кардани даҳҳо бомби дастсозу канори ҷодаӣ ба шуморе аз худруҳои зиреҳӣ ва низомии ишғолгарон осиб ворид карданд.
Дар 176-умин рӯз аз ҷанг дар борика низ режими саҳюнистӣ бар ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхона ба ин минтақа афзӯдааст.
Хабарнигори шабакаи телевизионии Алҷазира аз оташи сангини танкҳо ва нафарбарҳои режими саҳюнистӣ ба атрофи маркази дармонии “Носир”ва вайронии манозил дар урдӯгоҳи Хон Юнус дар ҷануби Ғазза хабар дод.
Манотиқи шарқӣ ва ғарбии шаҳри Хон Юнус ҳам аз сӯи тӯпхонаи режими саҳюнистӣ гулӯлаборон шуд.
Ҳилоли Аҳмари Фаластин низ эълом кард, 26 нафар аз персонели ин ҷамъият, ки аз замони шурӯи ҷанги режими саҳюнистӣ зидди Ғазза дар ҳоли анҷоми маъмурияти инсондӯстона буданд ба шаҳодат расидаанд.
Бинобар эъломи вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри гузашта токунӯн 32 ҳазору 623 фаластинӣ шаҳид ва 75 ҳазору 92 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки бештари қурбониёни ин ҳамалот, занон ва кӯдакон ҳастанд.