Апрел 03, 2024 17:56 Asia/Dushanbe
  • То кунун 32 ҳазору 916 нафар, ки бештари онҳо кӯдаку зан ҳастанд, дар Ғазза шаҳид шудаанд
    То кунун 32 ҳазору 916 нафар, ки бештари онҳо кӯдаку зан ҳастанд, дар Ғазза шаҳид шудаанд

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, дар ҳамлаи шабонарӯзи гузаштаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза 71 фаластинӣ шаҳид ва дастикам 102 нафар захмӣ шуданд.

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, артиши режими саҳюнистӣ дар шабонарӯзи гузашта 7 куштору ҷинояти дигар дар борикаи Ғазза муртакиб шудааст.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, наздик ба 8 ҳазор нафар ҳамчунон мафқуду зери овор ҳастанд ва неруҳои имдодӣ ба далели камбуди имконоту идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ, қодир ба наҷоти онон нестанд.

Вазорати омӯзиш ва парвариши Фаластин низ эълом кард, аз оғози ҷанг дар борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри гузашта 6 ҳазору 50 донишомӯзи фаластинӣ дар ин борика дар ҳамалоти артиши ишғолгари саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд.

Ин вазоратхона ҳамчунин таъкид кард, ки 408 мактаб ҳам аз оғози ҷанг дар борикаи Ғазза бомбаборону тахриб шудааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза шуҳадои ҷанг аз ҳафтуми октябри соли гузашта то кунунро 32 ҳазору 916 ва шумори маҷрӯҳонро ҳам 75 ҳазору 494 нафар эълом кард.

 

Барчасп