Ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсо
(last modified Fri, 05 Apr 2024 12:30:11 GMT )
Апрел 05, 2024 17:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсо

Дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ва ҳамзамон бо Рӯзи ҷаҳонии Қудс, низомиёни режими саҳюнистӣ ба намозгузорон дар Масҷидулақсо, ҳамла ва шуморе аз онҳоро боздошт карданд.

Ба гузориши ИРНА, шуморе аз фаластиниҳо имрӯз (ҷумъа) пас аз барпоии намози субҳи охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон дар Масҷидулақсо, роҳпаймоиро дар ҳимоят аз ин макони муқаддасу Борикаи Ғазза баргузор карданд, ки низомиёни режими саҳюнистӣ ба ин афрод ҳамлавар ва бо онҳо даргир шуданд.

Ҳамчунин артиши режими саҳюнистӣ бо истифода аз чанд паҳпод иқдом ба шиллики гази ашковар ба самти ин намозгузорон кард.

Бинобари ин гузориш, низомиёни режими саҳюнистӣ ҳашт фаластиниро дар Масҷидулақсо боздошт карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷараёнҳои миллӣ ва исломии Фаластин бо судӯри баёнияе уммати исломӣ ва арабӣ ва ҳамаи озодагони ҷаҳонро ба мушорикати густарда дар тазоҳуроти Рӯзи Қудс ва ҷумъаи «хашм барои Фаластин» даъват кардаанд.

Имрӯз ҷумъа (5 апрели 2024) мусодиф бо 25 Рамазони 1445 Рӯзи ҷаҳонии Қудс аст.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Пас аз номгузории охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Қудс, миллати мусулмон ба масаълаи Фаластин ба унвони як зарурат дар ҳимоят аз миллатҳои мазлӯму мавриди ситам нигоҳ мекунанд.