Идомаи тазоҳурот дар Тел-Авив зидди Натаняҳу
Ҳазорон шаҳрванди саҳюнистӣ зидди нахуствазир ва кабинаи режими саҳюнистӣ дар Тел-Авив тазоҳурот карданд.
Шабакаи 12 телевизиони Исроил дар гузориши эълом кард , муътаризони зидд Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ озодии фаврии асирон ва имзои тавофуқнома барои табодули асирон бо муқовимати Фаластинро хостор шуданд .
Хонаводаи асирони саҳюнистӣ дар баёнияи эълом карданд сокинони Исроил ба дунбол он ҳастанд ки гаравгонҳо зинда бошанд ва ҷанг фавран поён ёбад.
Тазоҳуроти шаҳрвандони саҳюнистӣ ҳамзамон бо он сурат мегирад ки манобеи хабарии рузи шанбе гузориш доданд ки пешрафти қобили таваҷҷӯҳӣ дар музокироти байни ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" ва режими Исроил дар бораи барқарории оташбас дар Ғазза ва тавофуқ барои мубодилаи асирон ҳосил шудааст .
Дар ҳамин ҳол, ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" эълом кард гуруҳҳои муқовимати Фаластин барои таваққуфи ҷанг хурӯҷи низомиёни ишғолгар аз Ғазза ва бозгашти оворагон мусаммам ҳастанд .
Режими саҳюнистӣ аз 7 октябри соли 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаеро дар борӣкаи Ғазза ва каронаи бохтарии зидди мардум бедифо ва мазлӯми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқибашарӣ дар қиболи ҷиноёти Исроил сабаби идомаи куштори занон ва кудакони фаластинии тавассути мошини ҷангии ин режими номашруъ шуда аст .
Дар таҳоҷуми Исроил ба борикаи Ғазза аз 7 октябри соли гузашта то кунун 34 ҳазору 654 фаластинии шаҳид ва 77 ҳазору 908 нафар низ маҷруҳ шуданд.