Дифои Ямани шиъа аз Ҳамоси суннӣ мисдоқи амалии ваҳдат
(last modified Thu, 16 May 2024 07:35:32 GMT )
Май 16, 2024 12:35 Asia/Dushanbe
  • Дифои Ямани шиъа аз Ҳамоси суннӣ мисдоқи амалии ваҳдат
    Дифои Ямани шиъа аз Ҳамоси суннӣ мисдоқи амалии ваҳдат

Дабирикули маҷмаъи фаъолони озодии Қудси Шариф гуфт : Имрӯзи хушбахтона ваҳдати байни шиъау суннӣ амалан шакл гирифтааст , Ямани шиъа аз Ҳамоси суннӣ дифо мекунад .

Намоишгоҳи « Ҳафтаи фарҳангии Фаластин/76 соли муқовимат дар баробари ишғолгарӣ » дар ҳафтаи ҷорӣ бо ҳузури Оятуаллоҳ « Муҳаммадҳасани Ахтарӣ » раиси Кумитаи ҳимоят аз инқилоби исломии мардуми Фаластин ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Эрон , ҳуҷҷатулислом вал муслимин « Майсами Амрудӣ » мушовири фарҳангии вазири хориҷаи Эрон ва Дабирикули маҷмаъи фаъолони озодии Қудси Шариф , « Салоҳ Фаҳс » намояндаи ҷунбиши  Лубнон дар Эрон ва ҷамъӣ аз шахсиятҳои фаъол дар ҳавзаи Фаластин тавассути муовинати фарҳангии ҳунарии Боғи музеи Дифои муқаддас , иттиҳодияи байналмилалии навҷавонону ҷавонони мухолифи ишғолгарӣ ва омӯзишу парвариши минтақаи 14 дар  музеии миллии инқилоби исломӣ ва Дифои муқаддас дар шаҳри Теҳрон ифтитоҳ шуд .


Ҳуҷҷатулислом валмуслимӣн « Майсами Амрудӣ »

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин « Майсами Амрудӣ » мушовири фарҳангии вазири хориҷаи Эрон ва Дабирикули маҷмаъи фаъолони озодии Қудси Шариф дар ин ҳамоиш гуфт : Хеле мутаъсиф ҳастем ки то имрӯз беш аз 35 ҳазор шаҳид додаем ки дар миёни онҳо занон ва кӯдакон буданд ва ба фаҷеътарин шакли мумкини ҳам ба шаҳодати расиданд . Имрӯз шоҳиди халқи саҳнаҳоӣ дар Ғазза ҳастем ки ҳаққи зиндагӣ , саломат , дарс хонданро аз мардум салб карда ва ба таъбири Дабирикули Созмони Милал ин минтақа ба як зиндони ғайримусаққафи табдил шудааст .

Имрӯзи кушторе дар Ғазза сӯрат гирифтааст ки то 100 соли оянда метавон барои он румонҳо ва қиссаҳо навишт ки ин иқдоми ғавғое дар олам аз мазлӯмияти мардуми Ғазза эҷод хоҳад кард . Албата таърих агар битавонад худашро аз зери императории расонаи саҳюнистҳо берун бикашад .

Вай афзӯд : Имрӯзи хушбахтона ваҳдати байни шиъа ва суннӣ амалан шакл гирифтааст , Ямани шиъа аз Ҳамоси суннӣ дифо мекунад ва имрӯз амал ба Қуръонро дар арсаи майдон мушоҳида мекунем .