Вазири хориҷаи Норвегия: Натанёҳуро боздошт мекунем
Порс тудей-Вазири хориҷаи Норвегия эълом кард, дар сурате, ки Бинёмин Натанёҳу- нахуствазири режими саҳюнистӣ ба ин кишвар сафар кунад, боздошт хоҳад шуд.
Еспен Барт Еиде-вазири хориҷаи Норвегия хотирнишон кард, ба думболи судури ҳукми Девони байналмилалии кайфарӣ, дар сурате, ки Бинёмин Натанёҳу- нахуствазири режими саҳюнистӣ ба ин кишвар сафар кунад, боздошт хоҳад шуд.
Пеш аз ин торнамои шабакаи телевизионии 12 режими саҳюнистӣ дар гузорише дар ин робита эълом кард, дар сурате, ки се қозии Девон байналмилалии кайфарӣ дар Гаага бо судури ҳукми боздошти Бинёмин Натанёҳу- нахуствазир ва Юаф Галант-вазири ҷанги режими саҳюнистӣ мувофиқат кунанд, ин ду аз ин пас нахоҳанд тавонист ба ҳеҷ як аз кишварҳои имзокунандаи тавофуқи Рим сафар кунанд.
Ба навиштаи ин расонаи ибризабон, дар сурати судури ин ҳукм Натанёҳу ва Галант дигар иҷозаи сафар ба кишварҳое ҳамчун, Олмон, Нидерланд, Юнон, Фронса, Япония ва Испанияро нахоҳанд дошт, дар ҳоле, ки дар зайли хабари худ номи ҳар 124 кишвар аз қораҳои мухталифи ҷаҳонро дар ин робита зикр кард.
Ин расона дар айни ҳол ба сарони Исроили итминон дод, чун Иёлот Муттаҳида ҷузви ин кишварҳо нест онҳо хоҳанд тавонист озодона ба онҷо сафар кунанд.
Гуфтнӣ аст ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки расонаҳои ибризабон дирӯз низ фош карданд, руйхати дигаре низ аз сӯи Девони байналмилалии кайфарӣ дар ҳамин замина дар дасти судур аст ва шумори дигаре аз сарони сиёсӣ ва низомии Исроил дар руйхати афроди таҳти таъқиби ин девон қарор хоҳанд гирифт.