Ҳалокати шуморе аз саҳюнистҳо дар Қудси ишғолӣ
(last modified Sun, 08 Jan 2017 16:15:34 GMT )
Январ 08, 2017 21:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати шуморе аз саҳюнистҳо дар Қудси ишғолӣ

Манобеи хабарии Фаластин аз ҳалокати 4 низомии саҳюнист дар як амалиёти муқовиматии фаластиниён дар Қудси ишғолӣ хабар доданд.

Пойгоҳи хабарии “Фаластин-ал-явм” имрӯз-якшанбе гузориш дод, як ҷавони фаластинӣ дар ҳоле ки савор бар комюн (камаз) буд, шуморе аз низомиёни режими саҳюнистиро дар шаҳраки Армон Ҳанатсиф, дар ҷануби Қудси ишғолӣ зери чарх гирифт.

Дар ин ҳодиса ҳудуди 20 саҳюнист ҳам захмӣ шуданд. Ҳоли чанд тан аз захмиҳо вахим гузориш шудааст.

Низомиёни режими саҳюнистӣ билофосила ба самти ронандаи комюн тирандозӣ карданду ӯро ба шаҳодат расониданд.

Бар асоси ин гузориш, ин фаластинӣ яке аз асирони озодшуда ба номи Фодӣ Алқанбар будааст.

Шабакаи фаластинии Алақсо эълом кард, нерӯҳои исроилӣ манзили ронандаи фаластиниро муҳосира кардаанд.

Дар пайи ин ҳодиса Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ҷаласаи Шӯрои вазирони Исроилро лағв кард. Радиои режими саҳюнистӣ аз фиристодани 300 полис ба Қудси ишғолӣ хабар додааст.