Хурӯши ҷаҳон алайҳи Исроил
Ҳазорон нафар дар саросари ҷаҳон аз Берлин гирифта то Бағдод бо ҳузур дар хиёбонҳо, ҷинояти ваҳшёнаи артиши Исроил дар Рафаҳ ва куштори оворагони фаластиниро маҳкум карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мардуми ақсо нуқоти ҷаҳон бо роҳпаймоииҳои худҷӯши худ, зимни маҳкум кардани ҷинояти ишғолгарони исроилӣ дар Рафаҳ хостори поён додан ба ҷанги Ғазза ва ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ шуданд. Ин тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла Истамбули Туркия, Манчестир, Бағдод ва Берлин баргузор шуд.
Режими саҳюнистӣ дар ҷадидтарин ҷинояти худ, якшанбешаб, чодарҳо ва марказҳои искони оворагон дар шимолу ғарби Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби борикаи Ғаззаро бомбаборон кард. Дар ин ҳамлаи ваҳшёна камаш 50 фаластинӣ шаҳид шуданд.
Вокуниши Гуттиреш ба ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ
Антонио Гуттиреш, дабири кулли СММ дирӯз душанбе бо маҳкум кардани ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба шаҳри Рафаҳ тасреҳ кард, ҳеҷ макони амне дар Ғазза вуҷуд надорад.
Фаъол шудани маъракаҳои мардумӣ алайҳи Исроил дар Либия
Ба гузориши Садои Хуросон,маъракаҳои мардумӣ барои таҳрими колоҳо ва маҳсулоти кишварҳои ҳомии режими саҳюнистӣ дар Либия ба шиддат ҷараён дорад. Шаҳрвандони Либия дар рӯзҳои ахир зимни таҳрими колоҳо ва маҳсулоти кишварҳои ҳомии режими саҳюнистӣ бо баргузории тазоҳуроти зиддисаҳюнистӣ хостори таваққуфи наслкушии фаластиниён шудаанд.