Май 29, 2024 14:57 Asia/Dushanbe
  • Сайид Ҳасан Насруллоҳ
    Сайид Ҳасан Насруллоҳ

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар вокуниш ба ҳамлаи режими наслкуши Исроил ба Рафаҳ, ҷануби борикаи Ғазза гуфт, ҷинояти ҳавлноки режими ишғолгари саҳюнистӣ дар Рафаҳ бояд афроди ғофилу фоқиди мавзеъ дар ҷаҳонро аз хоби ғафлат бедор кунад.

Ба гузориши Ирна, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи сешанбе таъкид кард, ки ҷинояти ҳавлноки режими ғосиби саҳюнистӣ дар Рафаҳ боиси тасреъ дар суқути режими ишғолгари саҳюнистӣ хоҳад шуд ва ин режими нозӣ дар минтақа ояндае нахоҳад дошт.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд, бояд ҷиноёти ҳавлноки режими наслкуши саҳюнистӣ зидди фаластиниён, бавижа дар борикаи Ғазза маҳкум ва ин амр ба омиле қавӣ барои фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ табдил шавад.

 

Барчасп