Июн 05, 2024 09:50 Asia/Dushanbe
  • Равобити дуҷониба ва ҷанги Ғазза; меҳвари дидори Боқирӣ ва Асад
    Равобити дуҷониба ва ҷанги Ғазза; меҳвари дидори Боқирӣ ва Асад

Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо раиси Ҷумҳурии Сурия дар бораи равобити дуҷониба ва таҳаввулоти ҷанги Ғазза гуфтугу кард.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, раиси Ҷумҳурии Сурияи рузи сешанбе аз дидор Башшор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия ва Алӣ Боқирии Канӣ сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон хабар дод ва эълом кард тарафайн дар бораи равобити дуҷониба миёни Сурия ва Эрон ва таҳаввулот дар арозии ишғолии Фаластин ва ҳамчунин парвандаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ муштарак гуфтугу карданд.

Асад дар ҷараёни дидори Боқирӣ таъкӣд кард: Муқовимат дар баробари ишғолгарӣ дар ҳамаи ашколи он як асли асосӣ ва як интихоби роҳбурдӣ боқи хоҳад монад.

Афзоиши раванди ҳамкориҳо ва муносиботи миёни Теҳрон ва Димишқ, буҳрони Ғазза ва лузуми поён додан ба ҷиноёти режими саҳюнистии зидди мардуми Фаластин аз ҷумлаи меҳварҳои гуфтугуи миёни ду тараф буд.

Барчасп