Июн 07, 2024 20:53 Asia/Dushanbe
  • Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ
    Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид қасд дорад режими саҳюнистиро дар феҳристи сиёҳи кишварҳои кӯдаккуш қарор диҳад.

Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид қасд дорад режими саҳюнистиро дар феҳристи сиёҳи кишварҳои кӯдаккуш қарор диҳад.

Ба нақл аз хабаргузории “Само”-и Фаластин, канали 13 режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба мақомҳои ин режим иттилоъ додааст, ки қасд дорад режими саҳюнистиро дар феҳристи сиёҳи кишварҳои кӯдаккуш қарор диҳад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пештар низ ҳамла ба як мактаби таҳти идораи СММ -ро, ки дастикам 40 кушта барҷой гузошт, маҳкум карда буд.

 

Барчасп