Муътаризони саҳюнистӣ дар Тел-Авив хостори барканории Натаняҳу шуданд
Дар идомаи тазоҳуроти ҳафтаги зидди кабинаи ҷангии режими саҳюнистӣ, тазоҳуркунандагон як хиёбонро масдуд карданд.
Ба гузориши Алҷазира, тазоҳуркунандагон хостори баргузарии интихоботи зудҳангом ва барканории Натаняҳу ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, хониводаи асирони саҳюнист низ дар конфаронси хабарии ҳафтагии худ аз кабина хостанд тавофуқи оташбаси руи миз ки аз суи раиси Ҷумҳурии Амрикои ироа шудаастро бипазирад. Яке аз ин афрод бо ишора ба ташдиди танишҳо дар марзҳо бо Лубнон гуфт ки Исроил дар ҳол сухтан аст ва дар хусуси вуқуъи як ҷанги бузурги дигар ҳушдор дод.
Тазоҳуроти ҳафтаги зидди Натаняҳу муддатҳост ки баргузор мешавад, аммо таҷаммуъи ин ҳафта дар ҳоли сурат мегирад ки якшанбеи ҳафтаи гузашта се вазири кабинаи режим дар эътироз ба бебарномагии Натаняҳу аз кабинаи ҷанги хориҷ шуда ва Натаняҳуро як зина ба суқут наздиктар карданд.