Таъкиди Покистону Тоҷикистон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон
(last modified Thu, 04 Jul 2024 07:57:02 GMT )
Июл 04, 2024 12:57 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Покистону Тоҷикистон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон
    Таъкиди Покистону Тоҷикистон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон

Вазорати хориҷаи Покистон дар баёнияе эълом кард дар дидори нахуствазири ин кишвар бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон таъкид шудааст .

Ба гузориши дафтари минтақаии хабаргузории Тасним , « Шаҳбози Шариф » нахуствазири Покистон ва « Эмомалӣ Раҳмон » раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистони тайи дидоре дар шаҳри « Душанбе » дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла Афғонистон гуфтугӯ карданд.

Вазорати хориҷаи Покистон бо интишори баёнияе дар бораи ин дидор изҳор дошт сарони ду кишвар , Афғонистон сулҳомез ва мураффаҳро барои амнияти минтақаӣ муҳим эълом карданд .

Дар  баёния омадааст  сарони Покистон ва Тоҷикистони тавофуқномаи ҳамкориҳои стротежикро низ имзо  карданд

Бар асоси ин баёния , Шаҳбози Шариф ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид карданд ташкили як давлати фарогир барои суботи Афғонистон муҳимаст .