Паёми табрики дабирикули Ҳизбуллоҳи Лубнон ба раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон
Сайидҳасан Насруллоҳ навишт: Аз Худованди Мутаъол масъалат дорам ки ба шумо қудрат, сиҳҳату саломат ато фармояд ва бо дастони шумо ончиро ки боиси шодии муъминон ва мустазъафонаст, муҳаққиқ созад.
Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Алмёдин, Сайидҳасани Насруллоҳи дабирикули Ҳизбуллоҳи Лубнон дар паёми ба Масъуди Пизишкён интихоб Уро ба унвони раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон табрик гуфт .
Дар паёми табрики Ҳизбуллоҳ омада аст: ин интихоби муборакро аз суи миллати азиз ва шарифи Эрон ба шумо табрик мегуям ва аз Худованди мутаъол масъалат дорам ки ҳофиз , ёригару пуштибони ҷанобиъоли бошад ва шуморо дар заминаи муҳаққиқ кардани умедҳо ва хостаҳои ин мардуми фидокор ва вафодор муваффақ бигардонад.