Ҳамалоти гуруҳҳои фаластинии зидди саҳюнистҳо дар Каронаи Бохтарӣ
Гуруҳҳои муқовимати Фаластин аз даргирии шадид бо неруҳои ишғолгари саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарии руди Урдун хабар доданд.
Ба гузориши ИРНА, гурдонҳои Сороё Ал Қудс, шохаи низомии Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин, низомиёни ишғолгари саҳюнистиро дар Ҷанин воқеъ дар Каронаи Бохтарӣ бо гулӯла ҳадаф қарор доданд.
Гурдонҳои шаҳид Иззуддин Ал Қисом, шохаи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ҳам дар ростои интиқоми хуни шаҳидону посух ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ бо ҳадаф қарор додани худрави низомиёни артиши режими саҳюнистӣ 4 нафар аз сарнишинони онро захмӣ карданд.
Ин амалиёт ҳамчунин паёми ҳушдоромези мустақим ба иқдомоти ғайриқонӯнии кабинаи ишғолгари Қудс, зидди Масҷидулақсо ва ҷиноятҳои ин режим зидди асирони фаластинӣ сӯрат гирифт.
Аз сӯи дигар гурдонҳои Шуҳадои Ал Ақсо, шохаи низомии ҷунбиши Фатҳ низ дар шаҳри Ҷанин бо силоҳ ва ҳамчунин бомб, теъдоде аз ишғолгарони саҳюнистиро захмӣ карданд.
Артиши режими саҳюнистӣ ахиран дар баёнияе эълом кард, ки чаҳор сарнишини як худрав бар асари инфиҷори як бомб дар ҷануби ғарби Ҷанин захмӣ шуданд.