Дар ҳамла ба ҳадафҳои муҳимми душмани исроилӣ тардид нахоҳем кард
(last modified Sun, 21 Jul 2024 08:03:12 GMT )
Июл 21, 2024 13:03 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳамла ба ҳадафҳои муҳимми душмани исроилӣ тардид нахоҳем кард

Яҳё Сареъ,сухангуи артиши Яман дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Алҳудайда дар баёнияе эълом кард: Мо дар ҳамла ба ҳадафҳои муҳимми душмани исроилӣ тардид нахоҳем кард.

Ба нақл аз Аламсира, дар баёнияи Яҳё Сареъ омадааст: Режими саҳюнистӣ дар Алҳудайда ба аҳдофи ғайринизомие монанди ниругоҳи барқ ва махзанҳои нафт ҳамла кардааст.

 Сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман бо таъкид бар инки қатъан ба ин ҳамла посух дода хоҳад шуд, эълом кардааст: Минтақаи ишғолии Ёфо (Тел-Авив) як минтақаи ноамн хоҳад буд.

 Дар поёни ин баёния омадааст: Нируҳои мусаллаҳ ва миллати Яман бо раҳнамудҳои раҳбарӣ, барои як ҷанги тӯлони бо душман омода мешаванд, то инки таҷовуз ба Ғазза мутаваққиф ва муҳосираи Ғазза ҳам шикаста шавад.

 Расонаҳои яманӣ эълом карданд, ҳавопаймоҳои режими ишғолгар дар ин ҳамла як махзани нафтро ҳадаф қарор доданд, ки мунҷар ба вуқӯъи оташсӯзии густурдае дар манотиқи атрофи он шуд. Ин ҳамла бо истифода аз ҷангандаҳои Ф-35 сурат гирифтааст.

 Як мақоми амрикоӣ дар гуфтугӯ бо вебгоҳи ибрии Волло, ҳамлаи ҷангандаҳои Ф-35 исроилӣ ба Алҳудайдаро таъйид кард ва ин ҳамалотро дар вокуниш ба ҳамлаи паҳподӣ ба Тел-Авив баршумурд.

 Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, ҳамла тавассути режими Исроил ва дар посух ба ҳамлаи паҳподии рӯзи ҷумъаи Яман ба Тел-Авив сурат гирифт.