Июл 23, 2024 13:46 Asia/Dushanbe
  • Тақозо барои рондани Исроил аз олимпии Порис
    Тақозо барои рондани Исроил аз олимпии Порис

Кумитаи олимпии Фаластин дар номае ба унвони раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ, хориҷ кардани режими саҳюнистӣ аз бозиҳои олимпии Порисро тақозо кардааст.

Кумитаи олимпии Фаластин дар номае ба Томас Бох, раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, бо ишора ба назари ахири Додгоҳи олии Созмони Милал дар мавриди ғайриқонунӣ будани ишғоли сарзаминҳои Фаластин аз сӯи режими саҳюнистӣ, аз бозиҳои олимпӣ хориҷ кардани режими саҳюнистиро талаб кард.

Кумитаи олимпии Фаластин дар ин нома афзудааст: То кунун наздик ба 400 варзишгари фаластинӣ ба дасти режими саҳюнистӣ шаҳид шудаанд. Ин дар ҳолест, ки тахриби иншооти варзишӣ вазъи варзишгаронеро, ки феълан таҳти маҳдудиятҳои шадид қарор доранд, низ сангинтар мекунад.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Фаронса аз 26 июл то 11 август баргузор мешавад.

 

Барчасп