Бомбаборони ҳашт мактаби СММ дар Ғазза
(last modified Sat, 27 Jul 2024 07:17:10 GMT )
Июл 27, 2024 12:17 Asia/Dushanbe
  • Бомбаборони ҳашт мактаби СММ дар Ғазза

Ожонси имдод ва корёбии СММ барои оворагони Фаластин эълом кард артиши режими наслкуши Исроил тайи ду ҳафтаи гузашта, ҳашт мактаби вобаста ба ин ниҳоди байналмиллиро дар борикаи Ғазза бомбаборон кардааст.

 Ожонси имдодрсонии Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ аз бузургтарин созмонҳои имдодрсонӣ дар борикаи Ғазза аст, ки ҳудуди 13 ҳазор корманди ин ожонс дар замони вуқӯъи ҷанги Ғазза дар ҳоли фаъолият буданд.

Ожонси имдодрсонии Созмони Милал илова бар тавзеъи маводи ғизоӣ, омӯзиш ва хадамоти аслии пизишкиро дар борикаи Ғазза фароҳам мекунад ва дар ҳоли ҳозир се ҳазор нафар аз кормандони ин ожонс ҳамчунон ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин ниҳод эълом кард, ки аз оғози ҷанги Ғазза дар ҳафтуми октябри гузашта то кунун, ҳудуди 70 дарсад аз мактабҳои ин ожонс тавассути артиши режими саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифтааст.

 Дар ин бомбаборонҳо 539 овораи фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Ожонси имдодрсонии Созмони Милал ҳамчунин бо ишора ба ҷамъияти 2 миллиону 300 ҳазор нафарии Ғазза эълом кард, ки аз ҳар 10 нафари сокин дар Ғазза 9 нафар ба далели ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба иҷбор аз маҳалли сукунати худ овора шудаанд.

 Бар асоси омори Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза, шумори шаҳидони ҷанг алайҳи Ғазза аз ҳафтуми октябри гузашта то кунун ба 39 ҳазору 175 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 90 ҳазору 403 нафар афзоиш ёфтааст.