Баёнияи Неруҳои мусаллаҳи Яман дар бораи сарнагунии паҳподи амрикоӣ
(last modified Mon, 05 Aug 2024 06:02:08 GMT )
Август 05, 2024 11:02 Asia/Dushanbe
  • Ин ҳафтумин паҳпод аз ин навъ аст, ки неруҳои яманӣ муваффақ ба инҳидоми он шуданд
    Ин ҳафтумин паҳпод аз ин навъ аст, ки неруҳои яманӣ муваффақ ба инҳидоми он шуданд

Сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман аз сарнагунии паҳподи амрикоӣ бар фарози Саъда ва амалиёт зидди як киштии ҳомии режими саҳюнистӣ дар халиҷи Адан хабар дод.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алмасира”, Яҳё Сареъ, сухангӯи Неруҳои мусаллаҳи Яман рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, падофанди Яман муваффақ шуд як паҳподи амрикоӣ аз навъи “Эм Кю -9”- ро ҳангоми иқдоми таҷовузкорона бар фарози устони Саъда сарнагун кунад.

Ин паҳпод - ҳафтумин паҳпод аз ин навъ аст, ки неруҳои яманӣ муваффақ ба инҳидоми он шуданд.

Сареъ афзуд, Неруи дарёӣ ва ягони мушакии Яман низ дар як амалиёти низомии муштарак киштии “Groton”-ро ба ин далел, ки молики киштӣ мамнуияти марбут ба вуруд ба банодири Фаластини ишғолиро нақз карда буд, дар халиҷи Адан бо мушакҳои боллистик ва ба шакли дақиқ ҳадаф қарор доданд.