Хисороти сангин ба саноати фанноварии Исроил
(last modified Sat, 14 Sep 2024 06:18:39 GMT )
Сентябр 14, 2024 11:18 Asia/Dushanbe
  • Хисороти сангин ба саноати фанноварии Исроил

Як муассисаи фанноварии режими саҳюнистӣ эълом кард, беш аз ниме аз ширкатҳои фанноварии пешрафта дар Фаластини ишғолӣ аз лағви сармоягузориҳои худ ва ташдиди нигарониҳои худ дар бораи оянда хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ал Олам, муассисаи исроилии "Стартап нейшен", бо истинод ба назарсанҷии вебсайти ибрии "Вейт" эълом кард, аз замони шурӯи ҷанг дар Ғазза, ширкатҳои исроилӣ маблағи 7.8 миллиард доллар сармоя ҷазб кардаанд, ки нисбат ба соли қабл 4 дарсад коҳиш доштааст.

Бо ин ҳол, 49 дарсад аз ширкатҳои (Hi - Tech) низ аз лағви сармоягузории худ хабар доданду ҳудӯди 70 дарсад аз ширкҳои бузурги хориҷӣ низ сутӯҳи мухталифе аз нигаронии худро дар иртибот бо афзоиши эҳтимолии сармоягузориҳои калон дар сарзаминҳои ишғолӣ дар соли оянда иброз карданд.

Ин муассисаи исроилӣ эълом кард, аз ҳудӯди 60 ширкати фанноварӣ, ки дар шимоли Фаластин фаъолият мекунанд, танҳо 45 дарсад аз онҳо бо зарфияти комил кор мекунанд ва дар ҳудӯди 41 дарсади фаъолиятҳои худро ба маркази сарзаминҳои ишғолӣ мунтақил кардаанд ва 20 дарсад аз ин ширкатҳо медонанд, ки дигар ба манотиқи шимолӣ боз нахоҳанд гашт.

Ин аъдоду омор нишондиҳандаи зарбаи азими иқтисодӣ аст, ки ҷанги Ғазза ба пайкараи ширкатҳои фанноварии пешрафтаи мавҷӯд дар шимоли Фаластини ишғолӣ таҳмил кардааст.

Дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ аз рӯзи ҳафтуми октябри 2023 токунӯн 41 ҳазору 118 шаҳрванди фаластинӣ дар ин Борика шаҳид ва беш аз 95 ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.