Ибрози нигаронии ЮНИСЕФ аз вазъияти кӯдакони лубнонӣ ва фаластинӣ
-
Вазъияти вахими кӯдакони лубнонӣ ва фаластинӣ
Мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид бо ҳушдор нисбат ба вазъияти инсонӣ дар Лубнон, аз вазъияти кӯдакон дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
Катрин Россел, мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт: Бар асари ҳамалоти низомиёни режими саҳюнистӣ ба Лубнон дар ҳафтаи гузашта ҳаддиақал 80 кӯдак кушта шуда ва садҳо кӯдак захмӣ шудаанд.
Россел бо ишора ба шиддат гирифтани ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Лубнон дар рӯзҳои ахир гуфт: Фақат дар тӯли як ҳафта беш аз як миллион нафар, аз ҷумла 300 ҳазор кӯдаки лубнонӣ дар ин кишвар овора шудаанд.
Артиши режими саҳюнистӣ рӯзи душанбеи 23 сентябр ҳамалоти густардаеро ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнон оғоз кард, ки то ин лаҳза ҳамчунон идома дорад.
Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Лубнон дар натиҷаи ҳамалоти густардаи артиши режими ҷинояткори Исроил ба Лубнон беш аз 800 нафар шаҳид ва дастикам 3 ҳазор нафар захмӣ шуданд.
Мудири иҷроии Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин бо баёни ин ки ҳамакнун бисёре аз кӯдакон дар борикаи Ғазза дучори сӯитағзияи шадид ҳастанд, таъкид кард, кӯдакони фаластинӣ дар Ғазза дар остонаи марг ҳастанд.
Ҷонатан Крикс, мудири иртибототи ЮНИСЕФ дар сарзаминҳои фаластинӣ низ аз шароити бисёр вахими кӯдакони фаластинӣ дар борикаи Ғазза ҳушдор дод.