Ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ба мавозеъи ишғолгарони саҳюнистӣ
(last modified Sat, 12 Oct 2024 08:44:57 GMT )
Октябр 12, 2024 13:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон ба мавозеъи ишғолгарони саҳюнистӣ

Ҳизбуллоҳи Лубнон аз ҳадаф қарор додани таҷаммӯъи низомиёни артиши ишғолгари саҳюнистӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард, размандагони ин гурӯҳи муқовиматӣ дар ҳимоят аз мардуми пойдори Фаластин дар Ғазза ва дар посух ба ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба шаҳрҳо, рустоҳо ва ғайринизомиён дар Лубнон, маҳалли таҷаммӯъи низомиёни артиши ишғолгари Қудс дар маркази низомии "Ҳунин" ва шаҳраки ишғолии "Кафар Гилъоди" дар шимоли сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор доданд.

Шабакаи хабарии Алмаёдин ҳам аз ду ҳамлаи низомии Ҳизбуллоҳ ба таҳаррукоти низомиёни Исроил дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

 Размандагони Ҳизбуллоҳ дар идомаи ҳамалоти пайдарпай ба марказҳои низомии режими саҳюнистӣ, пойгоҳи низомии "Сумо" дар Ҷавлони ишғолиро ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи мушакӣ қарор доданд.

 Ин гурӯҳи муқовиматӣ ҳамчунин дар идомаи ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии худ ба мавозеъи низомиёни саҳюнистӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ, як пойгоҳи низомии ин режим дар шимоли Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор дод.

 Ҳизбуллоҳи Лубнон борҳо таҷаммӯъи низомиёни саҳюнист дар дохили марказҳои низомии режими Исроилро бо мушак ҳадаф қарор дода ва талафоти зиёде ба душмани исроилӣ ворид кард.

Артиши режими саҳюнистӣ аз субҳи душанбе 23 сентябр ҳамалоти густурдаеро ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнон оғоз кард, ки ҳамчунон идома дорад.

 Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳам дар муқобили ҳадаф қарор гирифтани ғайринизомиён амалиётҳои зиёде зидди мавозеъ ва шаҳракҳои саҳюнистнишин дар шимоли Фаластини ишғолӣ анҷом дод, ки дар рӯзҳо ва соатҳои гузашта бо партоби садҳо мушак, мавозеъи рижеми саҳюнистиро мушакборон кард.