Эътирофи Либерман ба талафоти сангин дар набард бо муқовимат
(last modified Tue, 29 Oct 2024 08:41:18 GMT )
Октябр 29, 2024 13:41 Asia/Dushanbe
  • Авигдор Либерман, раиси ҳизби мавсум ба “Исроил хонаи мо”
    Авигдор Либерман, раиси ҳизби мавсум ба “Исроил хонаи мо”

Раиси ҳизби мавсум ба “Исроил хонаи мо” ва узви кнессет ба талафоти сангини артиши Исроил дар набард бо муборизони муқовимат эътироф кард.

Ба гузориши “Алмаёдин”, Авигдор Либерман, раиси ҳизби мавсум ба “Исроил хонаи мо” ва узви кнессет (порлумони режими саҳюнистӣ) ба омори талафоти артиши ин режим дар набард бо муборизони муқовимат ишора карду гуфт: Исроил қариб 800 низомиро дар ҷанг аз даст дода ва ҳамчунин ҳудуди 11 ҳазор захмӣ додааст .

Дар ҳамин ҳол режими ишғолгари саҳюнистӣ ба кушта шудани 73 низомии худ тайи фақат як моҳ эътироф ва эълом кард, бештари ин куштаҳо дар набардҳои ҷабҳаи шимолӣ будааст.

Исҳоқ Ҳертзуг, раиси режими саҳюнистӣ низ дар изҳороте зимни эътироф ба зарбаи сангини муқовимат ба саҳюнистҳо дар ҳафтуми октябри соли гузаштаи мелодӣ эълом кард, ки барномаи меҳвари муқовимат нобудии ин режим аст.

Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри 2023 (15 меҳри 1402) ҷанги вайронгареро алайҳи сокинони борикаи Ғазза ба роҳ андохта, ки бар асари он афзун бар вайрониҳои азиму қаҳтии маргбор, беш аз 43 ҳазор фаластинӣ, ки бештари онҳо зану кӯдак ҳастанд, шаҳид ва беш аз сад ҳазор нафар ҳам захмӣ шудаанд.