Кумаки 18 миллиарддолларии Амрико ба режими саҳюнистӣ
Амрико аз 7 октябри 2023, ҳудуди 18 миллиард доллар кумакҳои низомии мухталиф ба режими ишғолгари саҳюнистӣ ирсол кардааст.
Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, кумакҳои Амрико ба режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри соли гузашта(2023) то кунун 17.9 миллиард доллар будааст.
Бар асоси ин гузориш, 4.4 миллиард доллар аз ин маблағ барои таҷдиди захираҳои таслиҳотӣ (аз таслиҳоти нируҳои мусаллаҳи Амрико) сарф шуда, як миллиард доллар барои афзоиши силоҳҳои сангин, 6.8 миллиард доллар барои қарордодҳои фурӯши таҷҳизоти низомии хориҷӣ ва 5.7 миллиард доллар ҳам барои тавсеаи сомонаҳои дифоъии мушакӣ сарф шудааст.
Давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз оғози ҳамалоти Исроил ба борикаи Ғазза бо 500 парвоз ва 107 маҳмулаи баҳрӣ беш аз 50 ҳазор тон силоҳ ва таҷҳизоти низомиро барои режими саҳюнистӣ ирсол кардааст.