Мӯшакборони корхонаи сохти маводи мунфаҷираи артиши Исроил аз суи Ҳизбуллоҳ
(last modified Wed, 06 Nov 2024 04:12:32 GMT )
Ноябр 06, 2024 09:12 Asia/Dushanbe
  • Мӯшакборони корхонаи сохти маводи мунфаҷираи артиши Исроил аз суи Ҳизбуллоҳ

Саҳоб - Ҳизбуллоҳи Лубнон корхонаи сохти маводи мунфаҷираи артиши режими саҳюнистиро бо мӯшак ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз хабаргузории Тасним, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард, размандагони муқовимати исломӣ дар ростои ҳимоят аз миллати устувори Фаластину Лубнону мардуми он, корхонаи маводи мунфаҷира дар минтақа “Ал Хазира” дар ҷануби шаҳри Ҳайфои ишғолиро бо мӯшаки мунҳасирбафард ҳадаф қарор доданд.

Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин пойгоҳи кантроли ҳавоии “Мерун” ва подгони “Муъолия Гӯлонӣ” (мақари типи 810 Ҳармун)-и артиши режими саҳюнистӣ, дар шимоли Фаластини ишғолиро мӯшакборон кард.