Изъони Эҳуд Барак ба қаҳрамон будани Яҳё Синвор
(last modified Fri, 08 Nov 2024 13:27:00 GMT )
Ноябр 08, 2024 18:27 Asia/Dushanbe

Саҳоб - Эҳуд Барак, нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ изъон кард, Яҳё Синвор қаҳрамон буд ва то охирин лаҳзаи зиндагии худ ҷангид.

Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) 16 октябр дар ҳоли набард бо душмани ишғолгари саҳюнистӣ дар шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Борикаи Ғазза ба шаҳодат расид.

Ба гузориши шабакаи Саҳоб ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Эҳуд Барак, нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ бо баёни инки Яҳё Синвор як қаҳрамон буд ва то охирин лаҳзаи зиндагии худ ҷангид, гуфт: Душманони Исроил дигар ба шикастнопазирии Исроил эътиқоде надоранд.

Дар ин ҳол, шабакаи хабарии “Қудс” дар хабари фаврӣ гузориш дод: Йоав Галлант, вазири барканор шудаи ҷанги режими Исроил дар дидор бо хонаводаҳои асирони саҳюнист гуфт: Барои озодии асирони исроилӣ бояд аз Ғазза хориҷ шавем.