Ҳамлаи муҷадади режими саҳюнистӣ ба манотиқи ҷанубии Бейрут
Ноябр 25, 2024 12:28 Asia/Dushanbe
Саҳоб- Режими наслкуши Исроил бори дигар зоҳияи ҷануби Бейрут пойхтахти Лубнонро ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор дод.
Ба гузориши шабакаи "Саҳоб", ба нақл аз хабаргузории Меҳр, режими саҳюнистӣ дар даври ҷадиди ҳамлаҳои худ манотиқи ҷанубии Бейрут пойтахти Лубнон, манотиқи Ҳадас ва Бурҷ Ал-Бараҷнаро ҳадаф қарор додааст.
Ҷузъиёти бештар дар бораи шумори шуҳадо, захмиён ва хисороти молии эҳтимолии ин ҳамлаи режими ҷиноии саҳюнистӣ мунташир нашудааст.
Артиши Лубнон ҳамчунин дар баёнияе эълом кард, ки режими ғосби саҳюнистӣ ба ситоди нерӯҳои артиши Лубнон дар минтақаи Амарияи шаҳри Тир, дар ҷануби ин кишвар ҳамла кард, ки бар асари он як низоми шаҳд шуд ва 18 нафари дигар захмдор шуданд.
Барчасп