Омода шудани мактабҳои осебдидаи Бейрут бо кумаки Ҳизбуллоҳ барои пазириши донишомӯзон
-
Бозсозии мактабҳои тахрибшуда ба дасти режими саҳюнистӣ дар Лубнон аз сӯи Ҳизбуллоҳ
Порс-Тудей. Бо эъломи оташбас дар Лубнон ва поёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба ин кишвар, мактабҳои Зоҳияи ҷанубии Бейрут барои азсаргирии фаъолият омода мешаванд.
Пас аз итмоми кори боз кардани ҷодаҳову зудудани овор аз хиёбонҳои Зоҳияи ҷанубии Бейрут бо кумаки неруҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон, мактабҳои ин минтақа дар ҳоли омодасозӣ барои эъломи расмии азсаргирии соли таҳсилӣ ҳастанд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Сомир Фуоз, узви ҳайатмудираи як дабиристон дар Зоҳияи Бейрут дар ҳамин замина гуфт: Мо истодаем ва ҳар чӣ қадр режими саҳюнистӣ дар ин манотиқ вайронӣ ба бор овард, мо онро ободтар мекунем ва аз қабл ҳам зеботар месозем. Ҳеҷ кас наметавонад ин иродаи моро мутаваққиф кунаду дар баробари салобату истодагии мо биистад. Зеро ки мо дар ин сарзамин ҳузур дорем ва зиндагӣ мекунем.
Фуоз дар идома изҳор дошт: Оморе аз кулли минтақа гирифта шуда то мушаххас шавад чӣ теъдод мактаб қобили истифода аст ва чӣ теъдод донишомӯз метавонанд аз ин мадорис истифода кунанд.
Бар асоси эъломи Сомир Фуоз, мактабҳо ба донишомӯзон ба унвони насли оянда омӯзиш медиҳанд, ки чӣ гуна мардуми Лубнон ин ҳама фидокориро барои ҳифзи иззат, каромат ва сохти зиндагии шоистаи онҳо анҷом доданд.
Бо оғози ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон дар моҳи сентябри 2024, давлати ин кишвар тасмим гирифт тадриси ҳузурӣ дар тамомии макотиб, марокизи омӯзишӣ ва донишгоҳҳои давлативу хусусӣ дар Бейруту атрофи он таълиқ ва омӯзиш аз роҳи дур ҷойгузини он шавад. Акнун бо эъломи оташбас дар Лубнон, дар ҳоле ки режими саҳюнистӣ ба дафаот онро нақз кардааст, ин кишвар шоҳиди бозгашти зиндагӣ ба Зоҳияи Бейрут ба унвони қалби муқовимат дар Лубнон аст.