Шаҳодати ҳунарманди фаластинӣ ва ҳамсараш дар ҳамлаи Исроил дар рӯзи Кристмас
(last modified Fri, 27 Dec 2024 10:29:58 GMT )
Декабр 27, 2024 15:29 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати ҳунарманди фаластинӣ ва ҳамсараш дар ҳамлаи Исроил дар рӯзи Кристмас
    Шаҳодати ҳунарманди фаластинӣ ва ҳамсараш дар ҳамлаи Исроил дар рӯзи Кристмас

Порс-Тудей. Як ҳунарманди фаластинӣ ва ҳамсараш дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбеи Исроил ба урдӯгоҳи паноҳҷуёни Ан-Насирот, воқеъ дар маркази борикаи Ғазза ба шаҳодат расиданд.

Вало Ҷумъа Ал-Афранҷӣ (Walaa Jumaa al – Afranji) ва Аҳмад Саид Салома пас аз ҳамлаи Исроил ба як сохтмони маскунӣ дар наздикии бурҷҳои “Айн Ҷолут” дар Ан-Насирот, ба бемористони шуҳадои Алақсо мунтақил шуданд ва дар онҷо маргашон таъйид шуд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Афаранҷӣ аҳли шаҳри Ғазза буд. Пас аз оғози ҷанги Исроил алайҳи Ғазза дар октябри 2023, ба ин урдӯгоҳ нақли макон карда буд.

Ӯ нависанда, ҳунарманд ва алоқаманд ба мӯд буд. Пеш аз ҷанг, Афранҷӣ дар фурӯшгоҳи маъруфи “Сурпрайз”, дар маҳаллаи пурҷунбуҷӯши Римал, дар шаҳри Ғазза кор мекард. Римал, ки замоне яке аз манотиқи мураффаҳи Ғазза маҳсуб мешуд, ба таври комил дар бомбаборонҳои Исроил нобуд шудааст.

Тасвире аз Вало Ҷумъа Ал-Афранҷӣ ва Аҳмад Саид Салома

 

Ал-Афранҷӣ ҳамчунин ширкати мӯди махсус ба худ, ба номи “Утоқи мӯди Вало”-ро идора мекард. Ӯ як хушнавису санъатгари ҳирфаӣ буд, ки ҳадоёи дастисоз, аз ҷумла қоби акс, ҷокалидӣ ва гулдон тавлид мекард.

Сафҳаи Инстаграми ӯ, ки бархе аз осорашро дар он ба намоиш мегузошт, беш аз 95 ҳазор дунболкунанда дорад.