Шумори нақзи оташбаси Лубнон аз сӯи саҳюнистҳо ба 379 бор расид
Порс тудей - Режими саҳюнистӣ аз замони дастёбӣ ба тавофуқи оташбас бо Лубнон аз ҳудӯди 40 рӯзи гузашта токунӯн 379 бор ин тавофуқро нақз кардааст.
Дар пайи нақзи оташбас аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ бо Лубнон, 32 нафар шаҳид ва 39 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Ба гузориши Порс тудей, неруи ҳофизи сулҳи Созмони милал(UNIFIL) мустақар дар ҷануби Лубнон эълом кард, дар пайи нақзи оташбас аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ, булдозири артиши ин режим бурҷи дидабонии артиши Лубнон дар ҷануби ин кишварро тахриб кард.
UNIFIL афзуд, тахриби омидонаи имконоти неруҳои Созмони милалу артиши Лубнон аз сӯи режими Исроил, нақзи қатъномаи 1701 Шӯрои амнияти Созмони милал аст.
Дар пайи идомаи нақзи оташбас аз сӯи саҳюнистҳо, UNIFIL аз ҳамаи тарафҳо хост ба ҳар гуна иқдомот, аз ҷумла тахриби дороиҳо ва зерсохтҳои ғайринизомӣ поён диҳанд.
Артиши режими саҳюнистӣ аз 23 сентябр 2024 ҳамалоти густардаеро ба манотиқи мухталифи ҷануби Лубнон оғоз карду размандагони Ҳизбуллоҳ низ дар муқобили ҳадаф қарор гирифтани ғайринизомиён дар ин кишвар, амалиётҳои мутааддиде зидди мавозеъ ва шаҳракҳои саҳюнистнишин дар шимоли Фаластини ишғол шуда аз сӯи Исроил анҷом доданд.
Саранҷом оташбас байни режими Исроилу Лубнон бо миёнҷигарии байналмилалӣ, 27 ноябр иҷроӣ шуд, аммо режими саҳюнистӣ аз ҳамон ибтидо бо нақзи ошкори оташбас тааҳҳудоти худро зери по гузоштааст.
Ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Лубнон аз 23 сентябри 2024, мунҷар ба шаҳодати 4 ҳазору 63 нафару маҷрӯҳ шудани 16 ҳазору 663 нафар шудааст.
Илова бар ин, ҳудӯди якмиллиону 400 ҳазор нафар ҳам овора шуданду бештари қурбониёну оворагон пас аз ташдиди таҷовуз дар 23 сентябр сабт шудаанд.