Январ 15, 2017 16:44 Asia/Dushanbe
  • Хашму тазоҳуроти мардуми Баҳрайн дар пайи эъдоми се ҷавон

Дар пайи эъдоми се ҷавони баҳрайнӣ, хабарҳо аз даргирӣ байни мардуму нерӯҳои амниятии Оли Халифа дар бештари манотиқи Баҳрайн ва баста шудани хиёбонҳо ба дасти мардум ҳикоят дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, даргириҳо субҳи имрӯз, якшанбе дар минтақаи Аддарози Манома шиддати бештаре дошту нерӯҳои амниятии Оли Халифа гулулаи сочмаӣ ва гази заҳролудро ба самти мардум шиллик карданд.

Мардуми хашмгин дар минтақаи Ассаҳлаи Баҳрайн ҳам ба хиёбонҳо омаданду эъдоми се ҷавонро ба дасти режими Оли Халифа маҳкум карданд.

Баҳрайниҳои сокини минтақаи Аннувайдрат низ субҳи имрӯз дар маҳкумияти ин иқдоми режими Оли Халифа тазоҳурот карданд.

Дар ҳамин ҳол Юсуф Рабеъ, раиси Маркази ҳуқуқи башари Баҳрайн таъкид кард, эъдоми ин ҷавонони баҳрайнӣ буҳрони ин кишварро печидатару мароҳили баъдиро сахттар хоҳад кард.

Вай афзуд, бо эъдоми ин се ҷавон дарҳо ба рӯйи ҳар гуна роҳи ҳалли сиёсӣ барои буҳрони Баҳрайн баста шуд ва касоне, ки тасмим ба эъдоми ин ҷавонон гирифтанд, масъулияти ҳаводиси ояндаро бояд бипазиранд, зеро ҳар гуна ҳодисае дар оянда метавонад иттифоқ биафтад.

Сомӣ, Алӣ ва Аббос, се ҷавони баҳрайнӣ субҳи рӯзи якшанбе тирборон шуданд.

Ин се ҷавон ба ҳамла ба нерӯҳои полис дар минтақаи Алдайҳ дар сеюми марти соли 2014 муттаҳам шуда буданд.

 

Барчасп