Амалиёти зиддиишғолгарӣ дар шарқи Фаластин; Исроил ранги оромишро нахоҳад дид
Порс тудей - Таҳлилгари маъруфи ҷаҳони араб амалиёти зиддисаҳюнистӣ дар Каронаи бохтарии руди Урдунро посухе кӯбанда ба кушторҳоува ҷиноёти режими саҳюнистӣ донист ва аз интиқоли “Тӯфони Ал Ақсо” ба шакли сареъ ба Каронаи бохтарӣ ва заработи кушанда ба Натаняҳу хабар дод.
Абдулбори Атвон, таҳлилгари маъруфи ҷаҳони араб бо ишора ба амалиёти зиддисаҳюнистӣ дар Каронаи бохтарии руди Урдун гуфт: Хушҳоли Бинямин Натаняҳу, нахусти вазири режими саҳюнистӣ ва саҳюнистҳо дар таҷовуз ба хоки Лубнон бо тарроҳии қаблӣ ба ҳамроҳи муттаҳидони туркӣ ва амрикоӣ, таҳаққуқ наёфт, зеро муқовимати Фаластин дар Каронаи бохтарӣ ва Ғаззи ин хушҳолиҳоро хароб кард.
Ба гузориши Порс тудей, Атвон навишт: Амалиёти “кадумим”, ки аз сӯи се размандаи муқовимат дар шимоли Каронаи бохтарӣ иттифоқ афтод ва тайи он се шаҳракнишини саҳюнист кушта ва 9 нафар захмӣ шуданд, нигариши сиёсӣ ва расонаии арабӣ ва ҷаҳониро ба маҷрои саҳеҳи худ, яъне Фаластин баргардонад.
Ин таҳлилгар араб таъкид кард: Ин амалиёт таъйиде бар ин буд, ки режими Исроил ранги оромишро нахоҳад диду наслкушӣ дар Ғазза, Яману ҷануби Лубнон бидуни вокуниш нахоҳад буд ва аҳаммияти ин амалиёт ин аст, ки дар шаҳраки ба шиддат ҳифозат шуда аз сӯи ишғолгарон анҷом шуд.
Атвон афзуд: Ончӣ мавҷи озори шадиди исроилиҳо мешавад, амалиётҳои зиддисаҳюстӣ ба хонаҳо, манозилу автобусҳои онҳо бавижа аз самти сокинони Каронаи бохтарӣ ва Ғазза ба манзалаи шикасти иттилоотӣ ва низомӣ ва нотавонии Тел Авив аз таъмини амнияту суботу ҳимоят аз шаҳракнишинон саҳюнист аст.
Ин таҳлилгари араб гуфт: Ҷунуни артиши ишғолгари Қудс дар наслкушӣ дар Ғазза дар дараҷаи аввал ба “Туфони Ал Ақсо” боз мегардад, ки ҷангро ба қалби режими саҳюнистӣ, мунтақилу шиканандагии ниҳодҳои иттилоотии ин режимро ошкор кард.
Атвон тасреҳ кард: Ташдиди амалиётҳои фаластинӣ ва ҳамалоти мушакии яманиҳо ва нокомии сомонаи падофандии ишғолгарони Қудс ба шиддат душмани саҳюнистро ошуфта кардааст.
Атвон дар идома бо ишора ба таҳдиди Исроил Катз, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ зидди Каронаи бохтарӣ гуфт: Натаняҳу ва вазири ҷангаш намедонанд, ки таҳдидоти 76 сола, роҳ ба ҷое набурдааст ва миллати Фаластин ва насли ҷадиди он ояндаи ин кишвару кулли минтақаро рақам хоҳанд зад.