Январ 15, 2017 21:23 Asia/Dushanbe
  • Эъдоми се ҷавони баҳрайнӣ ва тазоҳуроти баҳрайни‌ҳо

Аҳмад Алҳамодӣ, масъули расидагии ба истилоҳ ҷиноятҳои террористӣ дар режими Оли Халифа эълом кард, субҳи имрӯз ҳукми эъдоми Сами Мушима, Алӣ Санакис ва Аббос Самиъ, се ҷавони баҳрайнӣ дар парвандаи ҳамла ба нерӯҳои полис дар минтақаи Алдия (дар сеюми марти 2014) бо шиллики гулула иҷро шуд.

Пеш аз ин, Ҳамад бин Исо Оли Халифа, подшоҳи Баҳрайн рӯзи шанбе ҳукми эъдоми ин се баҳрайниро ба иттиҳоми воҳии ҳамла ба нерӯҳои полиси Баҳрайн дар минтақаи Алдия тайид карда буд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Лубнон Алминор, мардуми Баҳрайн пас аз онки подшоҳи ин кишвар ҳукми эъдоми се нафар аз боздоштшудагони сиёсиро тайид кард, ба хиёбонҳо омаданд ва тазоҳурот карданд. Тазоҳуроти густардаи шанбе шаб дар минтақаи Алдираз дар ғарби Манома, дар мухолифат бо ин ҳукмҳои золимона баргузор шуд.

Баҳрайни‌ҳо дар ҳусайнияҳо ва масоҷид ҳам тайиди ҳукми эъдоми се нафар аз боздоштшудагони сиёсиро маҳкум карданд ва бо эътирози худ, аз созмонҳои мардумниҳод ва ҷомеаи байналмилалӣ хостанд, барои мутаваққиф кардани саркуби баҳрайниҳо мудохила кунанд.

Ҳамзамон Шайх Ҳусайн Алдиҳӣ, муовини дабири кулли ҷамъияти исломии алвифоқи миллии Баҳрайн раванди муҳокимаи се нафар аз ҷавонони маҳкум ба эъдомро ноодилона ва сиёсӣ хонд.

Дар ҳамин ҳол, манобеи баҳрайнӣ рӯзи якшанбе гузориш доданд, низомиёни режими Оли Халифа ҳамзамон бо юриш ба минтақаи Банӣ Ҷамара ва амалиёти ҷустуҷуи он, мабодии вурудии ин минтақаро бастаанд ва гузоришҳо ҳокист, низомиёни баҳрайнӣ дастикам ду ҷавонро дар минтақаи Банӣ Ҷамара боздошт кардаанд.

Ин манобеъ афзуданд, шуморе аз нерӯҳои баҳрайнӣ низ бо либосҳои шахсӣ ба ҳамроҳи нерӯҳои амниятии режими Оли Халифа ба хонаҳои мардум дар минтақаи Банӣ Ҷамара  дар Манома ҳамла карданд.

Ҳамзамон, Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар гузориши ҷадиди худ таъкид кардааст, режими Оли Халифа дар соли 2016 ба саркуби густардаи мухолифон пардохт ва саркуби озодии баён дар Баҳрайн ба таври густарда анҷом мешавад.

Баҳрайн аз 14 феврали соли 2011 шоҳиди эътирозоти мардумӣ зидди режими Оли Халифа аст. Мардуми Баҳрайн хоҳони озодӣ, барқарории адолат ва рафъи табъиз дар кишварашон ҳастанд.

 

Барчасп