Тел-Авив дар Каронаи Бохтарӣ ба дунболи чист?
(last modified Tue, 11 Feb 2025 14:10:02 GMT )
Феврал 11, 2025 19:10 Asia/Dushanbe
  • Тел-Авив дар Каронаи Бохтарӣ ба дунболи чист?
    Тел-Авив дар Каронаи Бохтарӣ ба дунболи чист?

Порс-Тудей. Таҳлилгари масоили сиёсӣ гуфт, режими саҳюнистӣ бо афзоиши ҳамалоти худ ба Каронаи Бохтарии рӯди Урдун, саъй дорад ваҷҳаи аз дастрафтаи худ дар борикаи Ғаззаро тармим кунад.

Муҳаммад Алқийқ, таҳлилгари умури сиёсии Фаластин рӯзи се шанбе дар таҳлилӣ бо ишора ба иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун гуфт: Ишғолгарони исроилӣ аз моҳҳо қабл тасмим ба табдили Каронаи бохтарӣ ба майдони набард гирифтаанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, Алқийқ таъкид кард, ҳамалоти кунунӣ бо ҳадафи сарпӯш гузоштан бар шикасти артиши Исроил дар Ғазза аст.

Таҳлилгари масоили сиёсӣ афзуд, ишғолгарон ба дунболи тармими ваҷҳае ҳастанд, ки дар Ғазза аз даст додаанд. Онҳо ба дунболи боло бурдани рӯҳияи артиши худ ва дар ҷустуҷӯи пирӯзӣ дар Каронаи бохтарӣ ҳастанд.

Алқийқ гуфт: Ҳамалот ба Каронаи бохтарӣ навъе итминонбахшӣ ба шаҳракнишинон, ба вижа дар сояи ташдиди амалиёти муқовиматӣ дар Каронаи бохтарӣ аст. Сарони ишғолгар ба дунболи ин ҳастанд, ки ба шаҳракнишинон бигӯянд, мо инҷо дар канори шумо ва ҳофизи амният шумо ҳастем ва шуморо ҳимоят мекунем.

Ин коршиноси масоили сиёсӣ таъкид кард, иқдомоти физояндаи ишғолгарон дар Каронаи бохтарӣ ҷое барои субот намегузорад ва ҳар лаҳза ба авзоъ шиддат мебахшад.

Низомиёни режими саҳюнистӣ аз чанде пеш ҳамалоти худро ба шаҳрҳои Ҷанину Тулкарм ва рустоҳои атрофи он дар Каронаи бохтарӣ шиддат додаанд, ки дар ҷараёни он шуморе аз шаҳрвандони фаластинӣ шаҳиду захмӣ шудаанд.

Шаҳрвандону муборизони фаластинӣ низ дар муқобили ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарӣ, ба муқобила бо саҳюнистҳо ба ҳар василаи мумкин пардохтаанд.