Шарти Ҳамос барои озодсозии ҳамзамони тамомии низомиёни асиршудаи исроилӣ чист ?
-
Шарти Ҳамос барои озодсозии ҳамзамони тамомии низомиёни асиршудаи исроилӣ чист ?
Порси тудей - Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин « Ҳамос » , шурӯти худро барои озодсозии ҳамзамони тамомии низомиёни асир шудаи саҳюнистӣ эълом кард.
Вазорати беҳдошти Ғазза аз кашфи пайкари 2 шаҳид аз зери овору шаҳодати 4 фаластинии дигар хабар дод ва эълом кард : Тай чанд соъати гузашта 11 фаластинӣ дар натиҷаи нақзи тавофуқи оташбас тавассути режими саҳюнистии захмӣ шудаанд .
Ба гузориши Порс тудей ва банно ба эъломи вазорати беҳдошти Ғазза , аз ибтидои ҷанги Ғазза ( ҳафтуми октябри 2023 ) то кунун 48 ҳазору 297 фаластинӣ дар борикаи Ғазза ба шаҳодати расида ва 111 ҳазору 733 нафар низ захмӣ шудаанд .
Вазорати беҳдошти Ғазза : Мавҷи ҷадиди сармо ҷони кӯдакони фаластиниро таҳдид мекунад
Дар ҳамин ҳол , « Мунер Албарш » мудири Взорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза гуфт, ки мавҷи ҷадиди сармо дар Ғазза ҷони кӯдакони фаластиниро таҳдид мекунад . « Албарш » бо ҳушдор дар бораи шароити фоҷеъабори усарои фаластинӣ , беморону гурӯҳҳои дорои шароити ҷисмонии ҳассос дар борикаи Ғазза афзуӯ : Васоили гармояшӣ ва таҷҳизоти лозим барои пӯшиши афрод аз сармо ба шиддат камаст . Ба гуфтаи мудири Вазорати беҳдошти Фаластин дар борикаи Ғазза , навзодони тоза мутаваллид шуда ва ҳамчунин кӯдакони то сини 3 сол аз гурӯҳҳои бисёр осебпазир бӯда ки зиндагии онҳо бо тавваҷуҳ ба обу ҳаво , дар хатар қарор дорад .
Ташдиди ҷиноёти ишғолгарон дар Каронаи Бохтарӣ гувоҳӣ бар рӯйкарди фашистии саҳюнистҳо
Ҳамос низ дар баёнияе таъкид кард, ки афзоиши ҷиноёти режими Исроил дар Каронаи Бохтарӣ ва ташдиди амалиёти тахрибу куштор , гувоҳӣ бар рӯйкарди фашистӣ ва хунхоронаи ин режим алайҳи мардуму сарзамини Фаластин ва нишондиҳандаи талошҳои нофарҷоми Исроил барои мутаваққиф кардани мавҷи фазояндаи муқовимат дар Карона Бохтарӣ аст .
Ҳамос : Хурӯҷи комили Исроил аз Ғазза мусовӣ аст бо озодии ҳамзамони ҳамаи асирони саҳюнистӣ
Аз сӯи дигар Сухангӯи Ҷунбиш Ҳамос гуфт : Хурӯҷи комили низомиёни режими саҳюнистӣ ва оташбаси доими ду мавзӯ марҳалаи дувуми оташбас аст ва мо ин омодагиро дорем, ки дар сӯрати таҳаққуқи ин ду хоста , ҳамаи асирони душманро якҷо озод кунем .Вай ҳамчунин афзӯд : Режими саҳюнистӣ барои куштори миллати Фаластин аз силоҳҳои мамнӯъа истифода кардааст . Вай таъкид кард ки силоҳи муқовимат хати қирмиз аст ва халъи силоҳ ғайриқобили пазиришаст .
Вазири саҳюнист : Ғазза бояд ба таври комили халъи силоҳ шавад
Дар ҳамин ҳол « Гедун Соир » вазири умӯри хориҷаи режими саҳюнистӣ пас аз нокомии ин режим дар муқобила бо муқовимат бо гузашти 15 моҳи ҷанги алайҳи Ғазза , иддао кард ки ҳар гӯна тарҳи пешниҳодӣ дар бораи ин Борика боистӣ шомили халъи силоҳи комили он шавад .
Коршиноси фаластинӣ : Бо ҳузури Трамп ниқоб аз чеҳраи Амрико афтодааст
« Муҳаммад Алкурд » рӯзноманигору фаъоли фаластинӣ низ таъкид кард ки агар мебинед ин рӯзҳо « Доналд Трамп » раиси ҷумҳӯри Амрикои ошкоро аз тарҳи худ барои кӯчондани сокинони Навори Ғазза сухан мегӯяд , дуруст ҳамонанди лаҳзае аст ки ниқоб аз чеҳраи Амрико афтодааст . Вай хотирнишон кард ки ба зӯри овора кардани мардуми Фаластин , поксозии нажодии онҳо , ба чанг овардани сарзамини фаластиниён ва манобеи он ҳамеша бахше аз манофе ва тарҳи калони Амрико дар канори ҳифзи султаи Ннзомии худаш дар минтақа бӯда ва ин бахше аз манофеи Амрико дар Ғарби Осиё аст .