Нақшаи режими саҳюнистӣ барои таҷзияи Сурия чист?
(last modified Sun, 02 Mar 2025 07:14:00 GMT )
Март 02, 2025 12:14 Asia/Dushanbe
  • Нақшаи режими саҳюнистӣ барои таҷзияи Сурия чист?

Порс тудей - Расонаҳо аз вуқуъи даргириҳои шадид байни гуруҳҳои мусаллаҳи дуруз(Druze)-ӣ бо неруҳои таҳти амри Ал Ҷавлонӣ, раиси ҳукӯмати муваққати Сурия дар шаҳри Jaramana дар ҳумаи Димишқ хабар доданд.

Гуруҳҳои мусаллаҳи Druze-и Сувейдо рӯзи шанбе бо ҳамла ба Jaramana дар ҳумаи Димишқ, ин минтақаро аз кантроли неруҳои таҳти амри ҳукӯмати Ал Ҷавлонӣ хориҷ карданд.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, ҳамзамони Шӯрои низомии Druze бо эълом омода бош, аз омодагии ин шӯро барои эъзоми неру ба Димишқ, пойтахти Сурия ҷиҳати набард бо неруҳои Ҷавлонӣ хабар дод.

Пеш аз ин бархе шабакаҳои иҷтимоӣ бо интишори тасовире, аз кушта шудани теъдоде аз неруҳои амниятии вобаста ба ҳукӯмати Сурия дар шаҳри Jaramana ва шодии мардуми ин шаҳр пас аз хориҷ кардани кантроли он аз дасти неруҳои таҳти амри Ҷавлонӣ хабар доданд.

Ҷаласаи маҳрамонаи режими саҳюнистӣ бо ҳадафи таҷзияи Сурия

Ҳамзамон рӯзномаи саҳюнистии Israel Hume дар гузорише фош кард, ки режими саҳюнистӣ бо иддаои ҳифозат аз марзҳои худ дар шимоли арозии ишғолӣ, нишаст маҳрамонаеро барои тақсими Сурия ба иёлатҳое баргузор кардааст.

Бар асоси гузориши ин рӯзнома, дар ин нишаст, ки чанд рӯзи пеш ба раёсати Исраэл Катс,  вазири ҷанги режими саҳюнистӣ бо мавзӯи «рӯзи баъди Сурия» баргузор шуд, пешниҳод шуд, ки Сурия ба контонҳое тақсим шавад. Катс ин пешниҳодро ба Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ироа дода ва қарор аст, ҷаласае барои баррасии ин мавзӯ ташкил шавад.

Рӯзномаи Israel Hume ба нақл аз манобеи амниятии саҳюнистӣ навишт: Режими саҳюнистӣ ҳеҷ нияте барои субот дар Сурия надорад, аммо дар айни ҳол қасд надорад қабл аз тасбити умӯр дар ин кишвар, аз манотиқе, ки таҳти кантрол гирифта, хориҷ шавад. Таҳлилгарони амниятӣ муътақиданд, ки Сурия воҳид, хатаре барои Исроил аст ва Исроил пас аз барканории ҳукӯмати Башор Асад, рӯи тақсими он ба бахшҳое ҳисоб мекунад.