Сокинони Ғазза ниёзманди кумакҳои ғизоӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i1192-Сокинони_Ғазза_ниёзманди_кумакҳои_ғизоӣ
Созмони милали муттаҳид эълом кард, 80 дарсад аз сокинони Борикаи Ғазза ниёзманди кумакҳои ғизоӣ ҳастанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 02, 2016 19:48 Asia/Dushanbe
  • Сокинони Ғазза ниёзманди кумакҳои ғизоӣ

Созмони милали муттаҳид эълом кард, 80 дарсад аз сокинони Борикаи Ғазза ниёзманди кумакҳои ғизоӣ ҳастанд.

Ба иттилои пойгоҳи интернетии Алрисола Нет, Муассисаи имдодрасонӣ ва корёбии оворагони фаластинии вобаста ба Созмони милали муттаҳид (UNRWA) дар гузориши ҷадиди худ бо ишора ба идома ёфтани муҳосираи Ғазза ва таҳмили 3 ҷанг дар ҳафт соли гузашта аз сӯи режими саҳюнистӣ ба ин минтақа ҳамчунин афзудааст: Бекорӣ дар Ғазза дар 3 моҳи нахусти соли 2016 ба 41.2 дарсад расида, ки ин масъала вазъияти душвори сокинони Борикаи Ғаззаро нишон медиҳад.

Бар асоси ин гузориш, фаъолиятҳои кишоварзӣ ва моҳигирӣ дар Ғазза дар муқоиса бо қабл аз ҷанги соли 2014 ба 33 дарсад коҳиш пайдо кардааст.

Режими саҳюнистӣ аз соли 2007 муҳосираи Борикаи Ғаззаро шадидтар карда ва аз вуруди колоҳои асосӣ аз ҷумла сӯхт, дору ва масолеҳи сохтмонӣ ба ин минтақаи ҷангзада ҷилавгирӣ мекунад.

Пештар Созмони милали муттаҳид идомаи сиёсатҳои режими саҳюнистӣ зидди фаластиниёнро, ки ба вахимтар шудани вазъияти иқтисодии Каронаи бохтарии руди Урдун, баландиҳои ишғолии Ҷавлон ва Борикаи Ғазза мунҷар шуда, маҳкум кард.