Таҳлилгари саҳюнист: Аҳдофи Натанёҳу дар ҷанг бо Эрон таҳаққуқ наёфт
(last modified Thu, 26 Jun 2025 08:37:32 GMT )
Июн 26, 2025 13:37 Asia/Dushanbe
  • Аҳдофи Натанёҳу дар ҷанг бо Эрон таҳаққуқ наёфт
    Аҳдофи Натанёҳу дар ҷанг бо Эрон таҳаққуқ наёфт

Порс-Тудей. Ба эътиқоди як таҳлилгари саҳюнист, бо вуҷуди ҳаёҳӯ ва ҷору ҷанҷоле, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил дар робита бо пирӯзӣ дар ҷанг бо Эрон ба роҳ андохтааст, аммо ин масъала ба шиддат зери суол аст, чун ҳеҷ як аз аҳдофи эъломшудаи Натанёҳу муҳаққақ нашудааст.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз “Тасним”, Мирун Робуюрт дар мақолае, ки имрӯз - панҷшанбе дар пойгоҳи ибризабони “Микрумит” мунташир шуд, ба абъоде аз ин шикаст ишора кард. Дар муқаддимаи он навишт: Дар Исроил онҳо шитобзада ҷанг алайҳи Эронро пирӯзии дурахшоне талаққӣ карданд, аммо ба шиддат ҷои тардид аст, ки воқеан чунин бошад. Аҳдофе, ки Натанёҳу матраҳ карда буд, муҳаққақ нашуданд. Доналд Трамп, раиси Ҷумҳурии Амрико муҷиби фарсоишии ҳокимияти Исроил ва тазъифи афкори умумӣ шуд ва аз ҳама муҳимтар, гилу лои Ғазза ҳеҷ куҷо нопадид нашудааст.

Нависанда дар идома эътироф кард, бо ин ҳол, наметавон нодида гирифт, ки эрониҳо низ боздорандагӣ эҷод кардаанд. Аз соли 1948 то кунун марокизи шаҳрҳои бузурги Исроил ҳаргиз бо таҳдиде монанди ончӣ дар ин ҷанг рух дод, рӯ ба рӯ нашуда буданд. Сохтмонҳое, ба таври комил фурӯ рехтанд, наздик ба 10 ҳазор исроилӣ (рақаме ки идораи назорату сонсури Исроил иҷозаи интишори онро додааст) овора шуданд. 25 сохтмони баланд дар феҳристи тахриби комил қарор гирифтанд (дар муқоиса бо танҳо як сохтмон аз 7 октябр то кунун), 40 ҳазор дархости ғаромати молиётӣ сабт шуд, хиёбонҳои шаҳр тахлия шуданду бахши умдае аз фаъолияти иқтисодӣ мутаваққиф шуд.

Ҳафтуми октябри 2023 рӯйдоде ваҳшатнок буд, аммо ба унвони як ҳодисаи истисноӣ талаққӣ мешуд, аммо дар тӯли дувоздаҳ рӯзи гузашта миллионҳо исроилӣ эҳсос карданд, ки ҳисси масунияти онҳо дучори таракхӯрдагӣ шудааст.

Ба эътирофи ин нависанда, агар Исроил бихоҳад бори дигар ба дунболи анҷоми ҷанге дигар бо Эрон бошад, мизони ҳимояту ҳамроҳии исроилиҳо бо он ба шиддат камтар аз ин давра хоҳад буд.