Муҳлати 10 рӯзаи ДИИШ ба ҳуқуқдонон барои тавба
Яке аз гурӯҳҳои вобаста ба ДИИШ дар Сурия, ба вакилон ва фориғултаҳсилони ҳуқуқ дар манотиқи ҳумаи Даръо 10 рӯз барои тавба аз таҳсилоти худ муҳлат дод.
Ба иттилои шабакаи Алъолам, гурӯҳи террористии мавсум ба артиши Холид ибни Валид аз гурӯҳҳои вобаста ба ДИИШ дар Сурия, ки дар манотиқи ҳумаи Даръо ба фаъолиятҳои мусаллаҳона мепардозад, бо судури баёнияе таҳдид кард: “Донишҷӯёни донишкадаи ҳуқуқ ва дорандагони парвонаи ваколат, 10 рӯз фурсат доранд, то бо муроҷиа ба дафтари даъват (вобаста ба ДИИШ) ё масоҷид, тавба кунанд”.
Иллати ин дастуруламали аҷиб он аст, ки гурӯҳи артиши Холид ибни Валид ваколат ё таҳсил дар риштаи ҳуқуқро ширк медонад, зеро муддаӣ аст, бунёди ин дониш, қавонини вазъшуда аст на қавонини иллоҳӣ.
Террористҳои гурӯҳаки артиши Холид ибни Валид, манотиқи Ҳавз Алярмук дар ғарби Ҳурон, рӯстоҳои Ҷумла ва Обидин дар марзи Сурия бо Ҷавлон ва ҳамчунин манотиқи Алқасир ва Кавё дар марзи Сурия ва Урдунро дар ишғоли худ доранд ва сокинони ин манотиқро ба иҷрои қавонини аҷиби худ маҷбур мекунанд.